Директори муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ
"КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ"
АШУРИЁН Шаҳло Сайфуллозода


(тав. 12.5.1980, дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст), номзади илми тиб (2014), Аълочии тандурустии ҶТ (2013). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (2002). Духтури бемориҳои дарунӣ дар Маркази саломатии №9 ш. Душанбе (2002‒07), мутахассиси пешбари Раёсати захираҳои кадрӣ ва илм, сармутахассиси Раёсати илм ва таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сардори шуъбаи кадрҳо, сардори шуъбаи кадрҳои Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007‒15) буд. Аз моҳи майи соли 2015 директори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ.

Муфассал...

Муовини директор оид ба таълим

МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА ТАЪЛИМ
АЗИЗЗОДА Зубайдулло Абдулло


(тав. 20.9.1976, ноҳияи Кӯлоб), номзади илмҳои тиб. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2009). Аспиранти кафедраи Бемориҳои ҷарроҳияи №1 ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1999–2004), муаллим (2004–05), мудири кафедраи тибби оилавӣ (2005–15), муовини директори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (аз с. 2015). Оид ба ташхис, ҷарроҳӣ ва табобати решҳои шадиди меъда ва рӯдаи дувоздаҳа, тибби оилавӣ, кори ҳамширагӣ, ёрии паллиативӣ пажӯҳиш анҷом додааст.

Муфассал...

Муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ

МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ
САИДОВА Мавҷуда Мирзошарифовна


(тав. 9.7.1972, ш. Душанбе), муҳандис-технолог. Хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (1994). Фаъолияти кории худро соли 1994 дар Комбинати равғани шаҳри Душанбе ба ҳайси муҳандис-технолог оғоз намуда, тӯли 16 сол дар ин вазифа фаъолият намудааст. Баъдан мутахассиси шуъбаи кадрҳо (2010‒13), сардори шуъбаи коргузорӣ, назорат ва корҳои махсус (2013‒14), мутахассиси шуъбаи кадрҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014‒15) буд. Аз моҳи майи соли 2015 ба ҳайси муовини директор оид ба корҳои тарбиявии Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ кору фаъолият дорад. Бо Ифтихорномаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст (2013).

Муфассал...

Муовини директор оид ба таълими-амалӣ

 

Муовини директор оид ба таълими-амалӣ 
МИРЗОЕВ Асламхон Давлатович

(тав. 25.03.1971, ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳозира ноҳияи Ш. Шоҳин). Аълочии тандурустиии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017). Хатмкардаи факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1999). Аз соли 1999 то 2000 дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломӣ кормандони тиббӣ Тоҷикистон дар бахши интернатура аз рӯи ихтисосӣ “Эҳё ва беҳискукнӣ” таҳсил намудааст. Аз соли 2001 то соли 2008 ба ҳайси омӯзгор дар кафедраи “Асосҳои кори ҳамширагӣ” Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ” фаъолият намудааст. Аз соли 2008 то соли 2019 декани факултети “Кори фарматсевтӣ”-и Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ” фаъолият намудааст. Аз моҳи феврали соли 2019 муовини директор оид ба таълими-амалии Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ” фаъолият намуда истодааст.

Муфассал...

Муовини директор оид ба корҳои маъмурӣ ва хоҷагӣ

МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ МАЪМУРӢ ВА ХОҶАГӢ
МАМУРЗОДА Диловар Мамур


(тав. 12.8.1987, ш. Истаравшан), иқтисоддон. Хатмкардаи факултаи молия ва андозбандии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (2015). Фаъолияти кориашро аз соҳибкорӣ оғоз намудааст. Аз моҳи майи соли 2015 ба ҳайси мудири бахши хоҷагии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ кору фаъолият карда, аз 24-уми январи соли 2016 муовини директор оид ба корҳои маъмурӣ ва хоҷагӣ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад.

Муфассал...

Сармуҳосиби "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

САРМУҲОСИБИ "КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ"
МУРОДОВ Мирзо Сайдалиевич


(тав. 7.11.1961, ш. Душанбе), иқтисодчӣ. Хатмкардаи Техникуми статистикии шаҳри Ваҳдат (1980) ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (2004). Фаъолияти худро соли 1980 ба ҳайси иқтисодчии Тоҷикгосконсерти шаҳри Душанбе оғоз намудааст. Хизмат дар са- фи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ (1981–83). Муҳосиби корхонаи истеҳсолии «Дружба»-и ш. Душанбе (1984–1985), муҳосиб (1985–1990), сармуҳосиб (1990–92), муовини сардухтур оид ба қисми иқтисодии осоишгоҳи беморони сили кӯдаконаи «Харангон» (1992–93) буд. Аз соли 1993 сармуҳосиби Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ. Шахси кордон ва масъулиятнок.

Муфассал...

Сардори шуъбаи идоракунии сифати таълим

САРДОРИ ШУЪБАИ ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАЪЛИМ
ФАТИХОВА Зулфия Ҷамолиддиновна


10.12.1979 сол дар оилаи зиёи ба дунё омада, зодаи шахри Душанбе мебошад. Соли 1996 шунавандаи Шубаи тайёрии Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абу али ибн Сино ва соли 1997 сазовори номи донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абу али ибн Сино гаштааст. Соли 2003 Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибн Сино «Факултаи Тибби Умумӣ» - ро бо ихтисоси «Кори табобатӣ» хатм намудааст. Дар ноҳия Рӯдакӣ аз соли 2003 то 2007 ба ҳайси духтури бемориҳои даруна фаъолият намудааст. Дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ аз соли 2007 то соли 2011 ба ҳайси омӯзгори кафедраи «Фанҳои морфологӣ» аз фанни «Анатомия ва Физиология» машѓулият гузарондааст.

Муфассал...

Сармутахассиси шуъбаи идоракунии сифати таълим

САРМУТАХАССИСИ ШУЪБАИ ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАЪЛИМ
МАЗАБОВА Нуқра Назаровна


(тав. 24.4.1948 ноҳияи Ванҷ). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1970). Фаъолияташро ҳамчун табиби беморхонаи № 1 ш. Душанбе (1970–71) оғоз намудааст. Сипас ба ҳайси мудири шуъбаи амрози дарунӣ, муовини сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон (1971–88), муовини директори Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон оид ба таълим (1988–2014) фаъолият намудааст. Аз моҳи сентябри 2014 мудири шуъбаи назорати сифати таълими Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ мебошад. Дорои дараҷаи тахассусии олии омӯзгорӣ ва духтурӣ, Аълочии тандурустии Тоҷикистон (1993) аст.

Муфассал...

Тамос бо мо

Тел: +992 (372) 39-89-44

Тел: +992 (372) 39-89-49

734067, кӯчаи Камонгарон, 3